Шикаст , нақш муродаст бӯрёии маро
Насими фатҳ , қалам мекунад ливои маро
зи бими дӯзах агар фориғами з ғифлат нест
Ки медиҳад амали ман ҳамон сазои маро
Назар ба дона кас нест сайри чашмон ро
Ба об , хушк буд гардиши Осиёи маро
Яке ҳазор шуд аз васл бе қарории дил
Накард серума , манзили хамаш дароӣ маро
Расидааст ба ҷое гарони рикобии хоб
Ки тўтёии қалам сохтааст пои маро
Чунон ба пайкари ман заъф зӯр оварда аст
Ки фарқ нест зи қади дўто , Асои маро
зи бас ки нур басират намонда дар мардум
Ба нарх хок нагиранд тўтёии маро
зи гармии талаб аз бас ки доғдор шуда аст
Замини з хеш кунад давр , нақши пои маро
Шавад зи оби вузӯи тоза , доғҳои риё
Магари шароб , намозӣ кунад радои маро
Ҳилол ид шавад ҳалқаи буруни дирам
Шабӣ ки рӯй ту равшан кунад сарои маро
Марои зи неъмати дидор сайр натавон кард
Ки сохтанд нигуни косаи гадои маро
Назар ба сайқал мардум надорад оина ам
Чу баҳр , муваҷҷаҳ ман медиҳад ҷилои маро
Ба санглох агар роҳи сайл ман уфтад
Чунон рӯм ки касе нашунӯд садои маро
Наҳашт сабзаи хобида дар саросари боғ
Ба андалеб чаҳ нисбат буд навой маро ?
Қадами шимурдаи нуҳум бар бисоти гули соиб
зи бас ки хори маломати гузидаи пои маро