Ба ранги сарви дарин боғ зиндагонӣ кун

Бирез бори зи худ , тарк шодмонӣ кун

?герат ҳавост ки дар васли офтоби рисӣ

Дарин риёз чу шабнам нзрчронӣ кун

Магар ба мива бе хори борвари гардӣ

Шукуфаи вор ба ҳар хор зарфишонӣ кун

Ҳарифи доғ азизон намешавад ҷигарат

Талоши марг дар айём зиндагонӣ кун

Хумори бода ба андозаи нишот буд

Ба қадари ҳавсилаи дард шодмонӣ кун

зи хомшии даҳани ғунча гулистон гардид

Дарин бисоти саранҷом безабонӣ кун

Чу ҷони зи ҷисми ту беихтиёр хоҳад рафт

Ба ихтиёр чу парвона ҷонфишонӣ кун

Ту чун зи маслиҳати хеши нестии огоҳ

Мулоимат ба балоҳои осмонӣ кун

Мадаи зи дасти тарозуии адлро соиб

Ба ҳар ки бо ту гаронӣ кунад , гаронӣ кун