Ба ҳар чаҳ ранг кунӣ мешавад сифеди охир

Ба ҷузи сиёҳии дили мӯиро хизоб макун

Ба ҳар равиш ки фалак сайр мекунад хуш бош

Ба сайл , душманӣ эй хонимон хароб макун

Нагаштааст зи коми ҷаҳон касе сероб

зи худ сафари пай ҳар муваҷҷаҳ сароб макун

Ҳар ончӣ бо ту наёяд ба он ҷаҳони соиб

Азин бисоти фарибанда интихоб макун

Назари далер ба рухсор офтоб макун

Дилӣ ки нест туро дар бисот , об макун

Чу ришта то назанӣ даст дар миёни гуҳар

Чу танги ҳавсилагони тарки печ ва тоб макун

Дарин муҳӣти асар то буд зи нохуни мавҷ

зи танагии дили худ шиква чун ҳубоб макун

Бидор дасти зи ислоҳи дил чу шуд бе дард

Гулӣ ки нест дар ӯ накҳатӣ гулоб макун

Ғубори ғами зи дили халқ шустан осон нест

Шикоят аз даҳани талх чун шароб макун

Замини қаламрави сайлоби ҳодисот буд

Дарин қаламрави сайлоби фитна хоб макун

Чаҳ ҳоҷатаст ба сарбор , бори сангинро ?

Зиёдаи ғифлати худ аз шароб ноб макун

Ҳар он нафас ки зи дили брнёид аз сари дард

зи зиндагонии худ он нафас ҳисоб макун