Дилро ба оташи нафаси гарм об кун

эй ғофил аз хазони гули худро гулоб кун

Чун шуълаи хуши броӣ ба дилҳои хўнчкон

Нақлу шароби хеши зи ашк кабоб кун

Аз умр ҳар нафас ки ба афсӯс бугзарад

Субҳи умеди хеши ҳамонро ҳисоб кун

Вайронаро чаҳ фарш ба аз нури офтоб ?

Таъмири дил ба соғар чун офтоб кун

Дар шиша кардааст турои осмон чу дев

Ин шишаи хонаро ба дами гарм об кун

Бар хотири латиф бузургон машав гарон

Лангари дарин муҳӣт ба қадар ҳубоб кун

Тнҳоӣит мабод ба исён кунад далер

Аз худ фузуни зи мардуми дигар ҳиҷоб кун

Шамъ аз барои сӯхтану роҳ рафтан аст

Дилро надодаанд ки болин хароб кун

Оҷиз буд зи ҳифзи Аннани дасти раъшаи дор

То мумкинаст тавбаи з май дар шабоб кун

Ин рангҳои ориятӣ нест пойдор

Мӯии сифедро зи дили худ хизоб кун

Пеши фалаки шикояти шабҳои худ мабар

Субҳ аз баёзи гардан ӯ интихоб кун

Беабр мушкиласт тамошои офтоб

Соиби назораи рух ӯ дар ниқоб кун