Беоб нагардад гуҳари ҳасани з дидан
Борӣк нагардад лаби соғар з макидан
То дар дили сайёд , таманноӣ шикораст
Аз хотир оҳӯ наҷаҳд фикр рамидан
Чун тири гузашт аз назари он сарви хиромон
Ойин хадангаст ба дунбол надидан
Огоҳии мо дар гарав бехабарӣ нест
Хоб аз сари мо май пурд аз чашм паридан
Тӯли сафари ишқи зи дили вопасии мост
Кӯтаҳ шавад ин роҳи з дунбол надидан
Аз васли тасаллӣ нашудани лозим ишқ аст
Ором нагирад дили дарёи з тапидан
Фарёд ки чун шамъи дарин маҳфили афсӯс
Умрам ба сар омад ба сарангушт гузидан
Арбоби дил аз теғи аҷал ранг набозанд
Бар хеш наларзад гули ин боғи з чидан
Чун заҳр чаро сабз нагардад сухани ман ?
Гӯшами даҳан мор шуд аз талхи шунидан
Соиб чу сухан сар кунад аз мавлавии рӯм
Шерони бнёрнд дар он дашт чаридан