Чу дигарон на ба зоҳир буд ибодати мо

Ҳузур қалб намозаст дар шариъати мо

Азон зи домани мақсӯди кӯтаҳ афтода аст

Ки пеш халқ дарозаст дасти ҳоҷати мо

Накардаем чу шабнами бисотӣ аз гули паҳн

Чу ғунча бар сар зонуаст хоби роҳати мо

Чу анкабут , магасро намекунем қадед

Ҳмошкор буд ҷазбаи қаноати мо

Ниҳоли хуши самари раҳгузори тФлоним

Ки бргриз буд мавсими фароғати мо

Агар дар оташи сӯзони ҳазор ғӯта хӯрд

Садо баланд насозад сапанди ғайрати мо

Талоши гӯшаи азлати зи танги халқӣ ҳост

Вагарнаи баҳр худо нест кунҷи азлати мо

Ки сарви қади туро роҳ метавонад зад ?

зи ҷилва ту шавад нақд агар қиёмати мо

Чароғ раҳгузарем аўФтодаҳ дар раҳи бод

Ки то ба соя дастӣ кунад ҳимояти мо ?

Азон ба домани саҳро шикастаем қадам

Ки олимӣ шавад осӯда аз маломати мо

Дарин ҳдиқаҳи гул , соиб аз мурувват нест

Ки ғунча монад дар ҷайб , дасти рағбати мо