Расидааст ба офоқи сяти давлати мо

Тапидани дил бе тоби мости навбати мо

Кулоҳи гӯшаи иқболи мост бе каллаӣ

Гузаштагии зи ду олам буд ҷнибти мо

Хазинаи гуҳари мо маъонии рангин

Баридан аз ду ҷаҳонаст теғи ҷуръати мо

зи нури ҷабҳа мо мешавад ҷигарҳо об

зи доғи ишқ буд офтоби рояти мо

Чу субҳ , ҳақи нафас бар ҷаҳонён дорем

Намак ба чашми ҷаҳони рехти шӯри фикрати мо

Ҳазор теғи забонро намӯд ҷавҳардор

Дигар чаҳ кор кунад печу тоби ғайрати мо ?

Чу навбаҳор , буд аз маъонии рангин

Тамом рӯй замин , зери бори неъмати мо

Даҳан чу шиша гушойем баҳри шодии халқ

Вагарна меҳр хамӯшӣаст ҷоми ъушрати мо

Зёдтӣ накунад ҳеҷ лафз бар маънӣ

зи рости хонагии хомаи адолати мо

зи меҳр ва моҳ надорем равшанои чашм

зи нури фитрати мо равшанаст хилвати мо

Гирифта буд чаманро фусурдагии соиб

Шуданд нағмаи саро , булбулони зи ғайрати мо