Натавон дар обу оина дидани мисоли ту
Чун мади оҳ соя надорад ниҳоли ту
Сайд ҳарам надошт зи теғи ту ҷони дареғ
Ман хӯни хешро накунам чун ҳалоли ту
Аз ман намонда ишқ ба ҷои ғайри дарду доғ
Он ба ки нагузарам ба дил бе малоли ту
Мӯри ҳариси дона ба манзил наме барад
Зинсон ки май баради дили ушшоқи холи ту
Чун буии гул ки мешавад аз барги бештар
Дар парда беш файзи расонади ҷамоли ту
Васли мудом ба буд аз васли гоҳи гоҳ
Мустағнӣ аз висоли туам бо хаёли ту
Шуд қоматати ниҳоли зи оби ду чашми ман
Инсоф нест брнхўрм аз ниҳоли ту
Гулгуна изор шавад офтоб ро
Шуд хӯн ҳар ки ҳамчуи шафақи поймоли ту
Ошиқи туро ба гиря чаҳ сони ром худ кунад
Каз буии хӯн хеш кунад Роми ғизоли ту
Чун бо рухи ту моҳ барояд ки офтоб
Хӯн аз шафақ арақ кунад аз инфеъоли ту
Соиб шудааст танги шкргўши олимӣ
Аз гуфтугӯии тӯтии ширини мақоли ту