Аз бас ки саркашаст қад чун ниҳоли ту

Дар оби ҳам нигун нанамояд мисоли ту

Аз ҳасан бемисол кунад ноз бар ҷаҳон

Ойӣнаи дилӣ ки пазиради мисоли ту

Ҳар чанд бахти кӯтаҳу айёми норсост

Навмед нестам зи умеди висоли ту

Чандон ки дили фузуни шикании шӯхтар шӯй

Гуё ки дар шикастани длҳости боли ту

Дар сина заъфарон шавадаш решаи малол

Ҳар кас ки бугзарад ба дил бе малоли ту

Доим буд зи хӯни шафақи тозаи рӯ чу субҳ

Нохун ба ҳар дилӣ ки расонади ҳилоли ту

Фардои ҳашари мояи ашк надомат аст

Имрӯзи хӯн ҳар ки нашуд поймоли ту

Ёрб чаҳ оташӣ , ки гулоб чакида шуд

Дар шишаҳои ғунчаи гул аз инфеъоли ту

Хуршед оядаш варақи шаста дар назар

Чашмӣ ки шуд фирефтаи хату холи ту

Дар ҷоми субҳ ва дар қадаҳ офтоб нест

Хӯнӣ ки ҳамчу шер набошад ҳалоли ту

Домони хоки парда домаст сар ба сар

То қисмати каманд ки гардад ғизоли ту

Гар дигарон ба васли ту хўшўқт ме шаванд

Соиби дилаш хушаст ба фикру хаёли ту