эй фитнаи сояпарвар сарви равони ту

Ма дар каманди кокули ънбрФшони ту

Аз хок чун ту шохи гулӣ брнхостаҳ аст

Бар сарв , каҷ нигоҳ кунад боғбони ту

Хӯни хӯрдаи шарм то чаманатро рисонда аст

Ранг ҳиҷоб мечакад аз арғавони ту

Сад таркиш аз хаданги маломати барад ба хок

Хуршед агар баланд шавад дар замони ту

Мардум дар орзӯии шабихуни бӯса Эй

Ёрб ба хоб марг равад посбони ту !

Хуршеди умри ман ба лаби бом бӯса зад

То кӣ ба ҳарф меҳр нагардад забони ту ?

Шармат ба посбони хат озодагӣ диҳад

Дар пои сарв хоб кунад боғбони ту

Нанамудаи хешроу дил аз ман рабӯда аст

Бисёр нозукаст адои миёни ту

Ҳоҷат ба хок кардани дом фиреб нест

Соиб бурун намеравад аз гулистони ту