Ба ҳар тараннумӣ аз ҷой меравад дили мо

Сабки рикоб чу буи гуласт маҳмили мо

Замини синаи мо дарду доғи прўрдст

Яке ҳазор шавад тухми ашк дар гули мо

Шикасти оинаи мо ва тўтё гардид

Ҳамон хаёли ту устода дар муқобили мо

Расидаем ба анҷом ва аввал сафараст

зи роҳи давртар афтодааст манзили мо

Ба пишдстӣ мо нест дар карами ҳотам

з обрӯ нашавад тангдаст , соили мо

Ҳазор нохуни тадбири ғӯта дар хӯн зад

Нашуд кушода шавад уқдаҳои мушкили мо

зи сарви гулшани фирдавс рост ме гузарем

Ниҳоли қади ту то пои фишурда дар дили мо

намехӯрем ғам аз ҳеҷ раҳгузари соиб

Хушо касе ки даройад ба гӯшаи дили мо