Пеши ағёр аз баҳори тозаи рӯи гулшан тарӣ
Аз дили худ дар шикасти кори ман оҳан тарӣ
Бо рақибон май диҳӣ аз кафи Аннани ихтиёр
Бо асирон аз ду чашми шӯхи худ тавсан тарӣ
Хор шарм олуд моро даст домангир нест
Варна сад пероҳан аз гулзор ,тар доман тарӣ
Чун нашуд оғӯши мӯрӣ аз ту ҳаргизи комёб
Зин чаҳ ҳосил каз гул бе хори хуши хирмантарӣ ?
То ба ҳушёрӣ чаҳ бошад нури рухсорат , ки ту
Дар сияҳи мастии зи шамъи осмони равшан тарӣ
Дорӣ аз шарми гунаҳи сар дар гиребон чун қадаҳ
Варна аз миноӣ май бисёр хуши гардан тарӣ
Бар чароғи мо ки мемерад барои сӯхтан
Ҳар қадари хушкии фузун аз ҳади барии равған тарӣ
Хори урёнӣ чу бояд доман аз дунё фишонд
Чун ба зар дастат расад аз ғунчаи пурдоман тарӣ
Аз баҳору боғи ин бстонсро эй андалеб
Гар бисозӣ бо дили сдпораҳи хуши гулшан тарӣ
Хонаи дили тира аз чашми парешон сайр туаст
Гар бабандӣ равзани ин хонаро равшан тарӣ
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки гуяд мавлавӣ
Дар ду чашм ман нишин эй он ки аз ман ман тарӣ