Чаҳ ба ҳар сӯй чу кӯрон ба Асо май бинӣ ?

Чоҳи зер қадам туаст чу во май бинӣ

Як кафи хоки зи трдомнит хушк намонад

Ту ҳамон лағзиши худро зи қазо май бинӣ

Бар зару ҷома буд чашми ту аз нуру сафо

Пушт аз ойӣна ва аз каъбаи қабо май бинӣ

Эътиқоди ту ба зари бештар аз эъҷозаст

Фоли мусҳафи паии тазҳиби тилло май бинӣ

Чашми мо бар ҳунару чашми ту бар айб буд

Мо зи ойӣнаи сафо ва ту қафо май бинӣ

Ба ту хоҳанд назар кард ба фардо дар ҳашар

Ба ҳамон чашм ки имрӯз ба мо май бинӣ

Гӯшро кар кун ва бишинав ки чҳо май шинавӣ

Дида бар банд ва назар кун ки чҳо май бинӣ

наметавон рафт ба як чашм паридан то Миср

Ту зи кӯтаҳи назарии роҳи сабо май бинӣ

Ханда чун гул ба туҳидастӣ хошок мазан

Ки зи дмсрдии айёми сазо май бинӣ

Соиби он ба ки хаторо нагузинӣ ба савоб

Чун дарин дори мукофоти ҷазо май бинӣ