Ҳам нола рубоб набошад касе чаро ?

Ҳам гиря кабоб набошад касе чаро ?

Чун мешавад шикастаи моҳ аз сафари дуруст

Бо барқ ҳамрикоб набошад касе чаро ?

Бо синае зи ҳарфи лаболаби дарин бисот

Хомӯш чун китоб набошад касе чаро ?

Парвонаи комёби зи тарк ҳиҷоб шуд

Дар ишқ беҳиҷоб набошад касе чаро ?

Аз инқилоб , хӯни сияҳи машк ноб шуд

Муштоқ инқилоб набошад касе чаро ?

Чун хонаи хароб буд пардаи дори ганҷ

Дар пои хам хароб набошад касе чаро ?

Акнӯн ки мавҷи фитнаи ҷаҳонро гирифта аст

Дар киштӣ шароб набошад касе чаро ?

Аз дӯстӣ ба душмани оташи забони худ

Хўнгрм чун кабоб набошад касе чаро ?

Аз печу тоб , ришта ба васл гуҳар расед

Дар машқи печ ва тоб набошад касе чаро ?

Чун доданӣаст рӯзи қиёмати ҳисоби худ

Имрӯзи худ ҳисоб набошад касе чаро ?

Глмихи остона ишқаст офтоб

Соиб дар он ҷаноб набошад касе чаро ?