Дар ҷӯши гул шароб нанӯшад касе чаро ?
Бо раҳмат худоӣ наҷӯшад касе чаро ?
То абри навбаҳор парешон нагашта аст
Чун раъд ҳар нафас нахурӯшад касе чаро ?
Дар мавсими баҳор , май лолаи ранг ро
Чун лолаи коса коса нанӯшад касе чаро ?
Гармаст то зи оташи гули синаи баҳор
Аз санги ҳамчу чашма наҷӯшад касе чаро ?
Чун домани висол ба кӯшиш гирифта анд
Чандон ки мумкинаст нкўшд касе чаро ?
Ин шишаҳо чу абри тнк бе тароватанд
Дар пои хам шароб нанӯшад касе чаро ?
Дарёи зи мавҷи дасти ситам чун баровард
Пероҳани ҳубоби напушад касе чаро ?
Чун хӯрданӣаст косаи заҳрӣ ки қисмат аст
Бо ҷабҳа кушода нанӯшад касе чаро ?
Ёқӯт ёфт дар ҷигари санги обу ранг
Дигар барои ризқ бакӯшад касе чаро ?
Ғофил машав зи ҳақ ба умеди қабули халқ
Юсуф ба сими қалби фурушад касе чаро ?
Соиб ба шукри синаи гармӣ ки дода анд
Чун гул ба хор , гарм наҷӯшад касе чаро ?