Тарҷеҳ медиҳад ба падари Авестоад ро
Ҳар кас шинохтааст баёзу савод ро
Бо неку бад чу шеру шукр ҷӯш ме занад
Дарёфт ҳар ки чошнии иттиҳод ро
Дар зер осмон набӯд субҳ бе шафақ
Хӯн дар пиёлааст ҷабини кушод ро
Захми забон чаҳ кор ба саргаштагон кунад ?
Пурвои хор ва хас набӯд гирдбод ро
Талхии кашон ишқ нагиранд ҷоми заҳр
Дар маҳфилӣ ки роҳ буд нӯши бод ро
Аз абр бениёз буд теғи обдор
Ҳоҷат ба бода нест равонҳои шод ро
Заҳраст шукрӣ ки мукаррар наме шавад
Бдхў макун ба васл , дили номурод ро
Шоистаи худо ва расӯласт эътиқод
Зойеъ макун ба аҳли ҷаҳони эътиқод ро
Зинҳор дар дурустии хат саъй кун ки ҳаст
Хати шикаста , хоби парешони савод ро
Соиб умед ҳаст ки он хати анбарин
Равшан кунад саводи ман бесавод ро