Дил об кунад барқи ҷалолӣ ки ту дорӣ

Ойӣна гудозаст ҷамолӣ ки ту дорӣ

Дар оина ва об нагаштааст мусаввир

Аз бас ки буд шӯхи мисолӣ ки ту дорӣ

Бо нохуни мишкӣн чаҳ ҷигарҳо ки кунад риш

Аз хати биногваши ҳилолӣ ки ту дорӣ

Баси ҳалқа ки дар гӯш кашад ширдилон ро

Аз чашми сияҳи маст , Ғаззолӣ ки ту дорӣ

Бисёр кунад дар дили нзоргёни хӯн

Ин лаъли лабу чеҳраи олӣ ки ту дорӣ

Бар Кебек кунад чнгли шаҳбози ҳаво ро

Аз шухии мижгони пару болӣ ки ту дорӣ

Бар ҳам зани ҷамъияти мурғон биҳишт аст

Дар кунҷи лаби он донаи холӣ ки ту дорӣ

Сармашқи ҷунун , маркази паргори нзрҳост

Бар сафҳаи оризи хату холӣ ки ту дорӣ

На хоб гузорад ба назарҳо на хаёлӣ

Аз чашму даҳани хобу хаёлӣ ки ту дорӣ

Дар панҷаи мижгони ту фӯлод шавад мум

Дар санг кунад решаи ниҳолӣ ки ту дорӣ

Сӣ шаб ба тамошоеи рухсор ту идаст

Аз дидани абрӯии ҳилолӣ ки ту дорӣ

Ҳар рӯз ба хуршед заволӣ расад аз чарх

Эмин буд аз нақси камолӣ ки ту дорӣ

Дар маънӣу лафзи ту тафовут натавон ёфт

Хуштар буд аз рӯй , хисолӣ ки ту дорӣ

Зулмаст ки бар сӯхта ҷонон накунӣ раҳм

Дар лаъли лаби ин оби зулолӣ ки ту дорӣ

Соиб нашавад фикри ту чун нозуку борӣк ?

Зон мӯии миёни роҳи хаёлӣ ки ту дорӣ