Чун ришта ба ҳамворӣ агар номи барорӣ

Аз гирди гиребони гуҳари сари бадари оре

Зон шҳпри ҳиммат ба ту карданд каромат

То байзаи гардун ба таҳи болу пари оре

Озодагӣ онаст ки чун сарви дарин боғ

Ғамгин нашӯйгар гиреҳи дили самари оре

Гардид чу сайқали қадат аз даври фалаки хам

Ойӣнаи дилро нашуд аз занги барорӣ

Гар дар дили худ тнгдлон бор диҳандат

Ҳошо ки дигар ёди зи танги шукри оре

Рӯзи сияҳ марг шавад шамъи мазорат

Ҳар хор ки аз пои фақирии бадари оре

Як бори ҳам аз бехабариҳо хабарии гир

То чанд ба бозор рӯйу хабари оре ?

Ҳаргиз нанаҳй бар сухани ҳеҷ каси ангушт

Як бор агар номаи худ дар назари оре

То кӣ сухани пучи диҳии арз ба мардум ?

То чанд зи дарёи садаф бе гуҳари оре ?

Гар завқ шикастан ба ту иқболи намояд

Худ киштии худ тӯҳфа ба мавҷи хатари оре

Фориғи шӯй аз ҳалқа задан бар дар дунон

Як бор агар дар дили шаби дасти барорӣ

Зини роҳбарони роҳ ба ҷое натавон барад

Дар хеши фурӯи рӯ ки сар аз арши барорӣ

Соиб шавад он рӯзи турои оинаи равшан

Каз ҳастӣ бе ҳосили худ гирди барорӣ