Дар оташаст наъл , насими баҳор ро

Ранг сабот нест гули эътибор ро

Аз барқу боди наъли раҳилаш дар оташ аст

Манзил куҷост қофилаи навбаҳорро ?

Чун зиндагӣ ба ком буд марг мушкил аст

Пурвой бод нест чароғи мазор ро

Бетоқатӣаст қисмати манъами зи ҷамъи мол

Аз ганҷи печу тоб буд ризқи мор ро

Равшандилон ҳамеша ба сахтӣ басар баранд

Дар санги зиндагии бсроиди шарор ро

Кам бахтро зи неъмати алвон насиб нест

Мижгон ба хӯн гул нашавад сурхи хор ро

Чашми туро ба серума кашӣдан чаҳ ҳоҷатаст ?

Кӯтаҳ кун ин баҳонаи дунболаи дорро !

Соиб кунун ки давр ба ком ту ме равад

Башикан ба соғарии сару дасти хумор ро