Аз шарм , ҳирси дилбарии афзуди ноз ро
Каз духтан гурусна шавад чашм , боз ро
Дорам умеди он ки шавад табли бозгашт
Овози дил тапиданам он шоҳбоз ро
Фарёди андалеби з гул шуд яке ҳазор
Бепарда кард , парда бисёр , соз ро
Азҳоиҳои гиряи ман , чун садои об
Хоби ғурури гашти гаронсанг , ноз ро
Оҳани дилон ба аҷз мулоим наме шаванд
Аз ашки шамъ дил нашавад нарм , газ ро
Дилҳои бениёз наяндешад аз зиён
Пурвои нақш кам набӯд покбоз ро
Гардад қабули халқ , ҳиҷоби қабули ҳақ
Пӯшида кун зи дидаи мардуми намоз ро
Хомаш нишин чу шамъ ки лозим фитода аст
Кӯтоҳии ҳаёт , забони дароз ро
Фармон пазир бош ки аз роҳи бандагӣ
Маҳмӯд шуд зи ҳалқа ба гӯашони Аёз ро
Дар маҳфилӣ ки нест май ноб , орифон
Аз зоҳидӣ хушк шуморанд соз ро
Манъам макун зи парвариши хеш чун ҳилол
КоФкндаҳам чу ма ба тамомии гудоз ро
Сар меравад ба боди зи ифшои рози ишқ
Соиби наҳуфтаи дори гуҳарҳои роз ро