Гар қобили малоли ним , шод кун маро
Вайрон агар намекунӣ , обод кун маро
з афтодагӣ мабод шавам бори хотират
То ҳаст пой рафтанӣ озод кун маро
Хорӣ кашидагон ба азизӣ расанд зуд
Зон пештар ки ёд кунӣ ёд кун маро
Гар дод ман наме диҳӣ эй подшоҳи ҳасан
Якбораи поймоли з бедод кун маро
Ҳайфаст агар чаҳ кизб равад бар забони ту
Аз ваъдаи дурӯғ , дилӣ шод кун маро
Пайвастааст силсилаи хокён ба ҳам
Бар ҳар замин ки соя кунӣ , ёд кун маро
Шояд ба гирди қофилаи бихўдони расм
эй пери дайр , ҳимматӣ имдод кун маро
Пар кун зи бода то хати Бағдоди ҷоми ман
Фармонравои хитта Бағдод кун маро
Дармондаам ба дасти дили ҳамчуи санги худ
Сарпанҷаи тасарруф Фарҳод кун маро
Гаштааст хӯни мурдаи ҷаҳони зи ормидгӣ
Девонаи қаламрав эҷод кун маро
Бе ҳосилии зи санги маломат буд ҳисор
Чун сарву беди зи самар озод кун маро
Дорад ба фикри соиби ман гӯш , олимӣ
Як раҳи ту низ гӯш ба фарёд кун маро