Аз кори рафтаи даст чу дасти сабуи маро

Резанд май чу шишаи магар дар гулӯи маро

Кӣ мерасед чоки гиребон ба доманам ?

Гар мерасед даст ба домон ӯ маро

Рангинтар аз сиришк буд гуфтугӯии ман

Аз бас шудааст гиряи гиреҳ дар гулӯи маро

Аз хеши рафтаро натавон ёфт нақши по

Саргаштаи он касе ки кунад ҷустуҷӯи маро

Дилсард аз назораи боғ биҳишт кард

Саҳрои содаи дил бе орзӯи маро

Дорад ҳавои чашмаи хуршеди шабнамам

Миқрози бол ва пар нашавад рангу бӯи маро

Аз чора , дарди ишқ яке мешавад ҳазор

Бечораи он касе ки шавад чораи ҷӯи маро

Аз шавқи ҷилваи ту саропоӣ дида ам

Ҳар чанд об рафта наёяд ба ҷӯи маро

Сад косаи хӯн агар чаҳ кашидам дарин чаман

Зардӣ нарафт чун гули раънои зи рӯи маро

Дар ҳифзи обрӯ чу гуҳар ларзишам баҷост

Ҷон тоза дошт дар ҳамаи умри ин вузӯи маро

Аз гавҳарами ғубор ятемӣ наме равад

Соиб агар муҳӣт диҳад шустушӯи маро