Омодааст аз дили пари хӯни шароби мо
Дар оташаст аз ҷигари худ кабоби мо
Ҳар чанд зери теғ ҳаводис нишаста ем
Чун ҷавҳар орамида буд печу тоби мо
Мо аз хаёли ёр прихонаҳ гашта ем
Юсуф хаҷал шавад чу даройад ба хоби мо
Шармӣ ки мо азон гули рухсор дида ем
Мушкил ки бе ниқоби даройад ба хоби мо
Дар пардаи чашми шӯхи ҳамон ҷилва ме кунад
Мавҷи хатар чаҳ кор кунад бо ҳубоби мо ?
Шабнам ба офтоби қиёмат чаҳ мекунад ?
Зинҳори рӯи мтоби зи чашми пари оби мо
Рақси сапанд аз дили оташи баради ғубор
Ғофил мабош аз дили пари изтироби мо
Хомии шафиъ агар нашавад кор мушкил аст
Хӯнҳо ки кард дар дили оташи кабоби мо
Аз рӯй тоза , узри лаб хушк хостем
Навмед барнагашт касе аз сароби мо
Моро назар ба ҳасани глўсўз гардан аст
Ҳаст ин баёз аз ду ҷаҳони интихоби мо
Аз хишти хами ҳазор дар файз ме гушӯд
Рӯзӣ ки буд дар гарав май китоби мо
Моро нигоҳи гарм бар оташ нишонда аст
Дил май барад чу мӯии миёни печу тоби мо
Аз обгинаи пушт ба девор дода аст
Симоб аз мушоҳидаи изтироби мо
Аз шавқи оташи ту саранҷом дода аст
Чандини каманд аз раги хомии кабоби мо
Дорад зи хобҳои парешони мо хабар
Аз саркашӣ агар чаҳ наёяд ба хоби мо
Соиби ҳазор ҳайф ки чун дар шоҳвор
Лаб тар накард сӯхтаи ҷонии зи оби мо