Аз нон ва об нест бақоу саботи мо
Бошад зи дарду доғи муҳаббати ҳаёти мо
Ёрб насиби сӯхтаи ҷонон ишқ кун
Таҳи ҷуръае ки мондаи зи оби ҳаёти мо
Аз саъй , роҳи ишқ ба поён наме расад
Дар тарк кӯшишаст тариқи наҷоти мо
Дар дили ҳазор уқдаи з афлок доштем
Ҳал шуд ба як пиёла май мушкилоти мо
Қади рост то қиём қиёмат наме кунад
Афтод ҳар ки аз назари илтифоти мо
Афтодааст чошнии ишқи мо баланд
Дар шиша сипеҳр нагунҷад наботи мо
Дидем то ягонагии зот бо сифот
Шуд маҳв дар тасаввури зотши сифоти мо
Миҳроби мост рӯй ба ҳар ҷониби оварем
Зон беҷиҳат , шудааст яке то ҷаҳоти мо
Соиби сёҳкории моро ҳисоб нест
Рӯй замин сиёҳ шуд аз сиӣоти мо