Даврии зи халқ , боғ ва баҳораст пеши мо
Домони дашт , доман ёраст пеши мо
Ҳар синае ки нест дили зиндае дар ӯ
Бе қадартар з лавҳ мазораст пеши мо
Ранги хазоне ки дилӣ оварад ба дард
Хуштар з рӯй гарм баҳораст пеши мо
Мо май зи косаи сари Мансур хӯрда ем
Теғи бараҳна , об хумораст пеши мо
То дидаем чеҳраи хандони ёр ро
Субҳи кушодаи рӯ шаб тораст пеши мо
Дар ҳеҷ заррае ба ҳақорат надида ем
Ҳар наақсо тамом айёраст пеши мо
Ҳар чанд мустадом буд давлати ҷаҳон
Кам умртар з барқ шарораст пеши мо
Доғӣ ки мекунад дили ёқӯтро кабоб
Аз шоҳидон лола изораст пеши мо
Сад пила аз фитодагии он сӯ фитода ем
Мӯри заъиф , пушта савораст пеши мо
Овардаем лангари таслимро ба каф
Ҳар мавҷи азин муҳӣт канораст пеши мо
Авҷи саодатӣ ки ба он фахр ме кунанд
Халқи хасис , чӯба дораст пеши мо
Рӯй кушодае ки надорад гирифтагӣ
Соиби гул ҳамеша баҳораст пеши мо