Барқи ҷалол , айн ҷамоласт пеши мо
Доғи паланг , чашм ғизоласт пеши мо
Афтода аз шикастагии он рӯй , ранги мо
Ранги шикаста , чеҳра оласт пеши мо
Фаръ худӣаст худшиканӣ аҳл дид ро
Изҳори нақс , арз камоласт пеши мо
Мо чашм аз чакидаи дил об дода ем
Ёқӯту лаъл , санг ва суфоласт пеши мо
Моро назар ба олами дигар гушӯда анд
Маргу ҳаёт , хоб ва хаёласт пеши мо
Сайдӣ ба ташнаи захмӣ мо нест ишқ ро
Теғи бараҳна , об ҳалоласт пеши мо
Пӯшидааст дар гиреҳи бастагӣ , кушод
Лаб бастан аз савол , саволаст пеши мо
Аз ҳар ки буии сӯхтагӣ метавон шунид
Ҷони бахш чун насим шимоласт пеши мо
Дар пардаи ғубори хат ( он ) лаъли обдор
Сад парда ба зи об зулоласт пеши мо
Дар ҷустуҷӯ чу мавҷ саробем бе қарор
Осӯдагии хаёл маҳоласт пеши мо
Мамнӯн нагаштан аз карами халқ , иди мост
Чини ҷабини бухл , ҳилоласт пеши мо
Равшан шудааст аз май равшани саводи мо
Ҷом ҷаҳон намой , суфоласт пеши мо
Чун гули ду ҳафта нест фузуни хӯбии ҷамол
Ҳасани тамом , ҳасан хисоласт пеши мо
Зулмати ҳиҷоби нур таҷаллӣ наме шавад
Шоми фироқ , субҳ висоласт пеши мо
Бар авҷи эътибор , фалак ҳар киро расонад
Чун офтоби вақт заволаст пеши мо
Харҷи ғам маош шавад фикри мо тамом
Фикрӣ ки нест , фикр моласт пеши мо
Аз сарнавишти сафҳа нанавишта огаҳем
Рухсори содаи пари хат ва холаст пеши мо
Аз дил рамидагон шавад ороми мо зиёд
Мавҷи сароб , фавҷ ғизоласт пеши мо
Аз ҳарфи сахт халқ надорем шиква Эй
Соиби шикастагии пар ва боласт пеши мо