Рангинтар аз ҳиност баҳору хазони мо
Бар дасти хеш бӯса диҳад боғбони мо
Чун субҳ дар муҳаббат хуршед содиқем
Ин таб бурун намеравад аз устихони мо
Даст аз каманди ҷозиба кӯтаҳ наме кунем
То шери маст моҳ нагардад каттони мо
Чун бед агар чаҳ теғ забонем сар ба сар
Бандӣ шудааст бесамарӣ бар забони мо
Мо хасмро ба зӯр тавозуъ кунем дӯст
Беруни баради зи тири каҷиро камони мо
Мо чашми хеши ҳалқа ҳар дар наме кунем
Хоки муроди мости ҳамон остони мо
Алмосро ба ним назар мекунад ақиқ
Доғӣ ки шуд Суҳайли дили хўнчкони мо
Парвоз мекунад чу хаданг аз камони сахт
Аз санги хора , хурдаи рози ниҳони мо
Чун буии перҳан ба назар мехаранд халқ
Гардӣ ки хезад аз тарафи корвони мо
Мондааст ҳамчуи домани қорун ба зери хок
Домони дили зи лангари хоби гарони мо
Аз болу пари ғубори таманно фишонда ем
Бар шохи гул гарон набӯд ошёни мо
Қонеъ ба як саросар хушкаст азин ҷаҳон
Чун муваҷҷаҳи сароби дили хуши Аннани мо
Соиби баланди мартаба чун осмон шавад
Бар ҳар замин ки соя кунад боғбони мо