Ларзид бас ки дил ба тани нотавони мо
Холии з мағз шуд қалами устихони мо
Пари гул буд з меҳр хамӯшӣ даҳони мо
Дар коми ҳамчу ғунча нагардад забони мо
Осӯдааст хонаи мо зи офати нузул
Дорад зи зӯри хеши нигаҳбони камони мо
Чун мавҷ , бе қарории моро канор нест
Раҳмаст бар касе ки шавад ҳамАннани мо
Сад барқи хонаи сӯзи дарин мушт хор ҳаст
Ковуш макун ба хору хаси ошёни мо
Дар навбаҳори хотири мо бргриз нест
Булбул бурун намеравад аз гулистони мо
Мо аз гуҳар ба обила даст қонеъем
Дар пеши абр боз нагардад даҳони мо
Аз печу тоби фикри дарин бутаи гудоз
Шуд мағз , на?ил дар қалами устихони мо
Дилро тиҳии зи дард ба гуфтор чун кунем ?
Ранги шикаста гар нашавад тарҷумони мо
Мо аз сухан ба чашмаи ҳайвон расида ем
Тобут кист таҳтаи намояди дукони мо ?
Дар фикри мо агар нарасад кас , ғариб нест
Берун намеравад хабар аз корвони мо
Соиби гиреҳи зи зулфи сухан боз карда ем
Печида нест ҷавҳари теғи забони мо