Гарчи бошанд он ду зулфи мшкбор аз ҳам ҷудо
Нестанд аммо ба вақти гиру дор аз ҳам ҷудо
Мастӣу махмурӣ аз ҳам гарчи давр афтода анд
Нест дар чашми ту мастӣу хумор аз ҳам ҷудо
Ларзад аз бими ҷудои устихонами банди банд
Ҳар куҷои байнам фалак созад ду ёр аз ҳам ҷудо
Ншأаҳ ва майро намояд бо камоли иттиҳод
Аз нигоҳии чашми шӯри рӯзгор аз ҳам ҷудо
Як дили сад пора ояд орифонро дар назар
Гарчи бошад барги барги лолаи зор аз ҳам ҷудо
Сар ба як ҷо мегузорад ин ду роҳи мухталиф
Май намоядгар ба сӯрати зулфи ёр аз ҳам ҷудо
Муттаҳид гирданд бо ҳам чашм чун бар ҳам ниҳанд
Ҳаст агар ҷонҳои равшан чун шарор аз ҳам ҷудо
Аз дили равшан , алойиқро шавад пайванди суст
Моҳ месозад каттонро пуду тор аз ҳам ҷудо
Чанд бошем аз ҳиҷоби ишқу истиғнои ҳасан
Дар таҳи як перҳан , мо ванигор аз ҳам ҷудо ?
Ошноиҳои зоҳири пурди ҳ бегонагӣ аст
Об ва равған ҳаст дар як ҷӯйбор аз ҳам ҷудо
Ғофилӣ аз пушт ва рӯй кори соиб варна нест
Чун гули раънои хазону навбаҳор аз ҳам ҷудо