Аз халқ хабар нест зи худ бехабарон ро

Бо қофила корӣ набӯд фарди равон ро

Осӯдагӣу дарди талаби оташ ва об аст

Манзил набӯд қофилаи реги равон ро

Дили сард чу гардид зи дунё , нашавад банд

Ҳоҷат ба муҳаррик набӯд барги хазон ро

эй ҷазбаи тавфиқ , ба ҳиммат мададӣ кун

Шояд ки ба манзил барам ин бори гарон ро

Аз ишқ шавад чошнии умри ду боло

Беҷӯш , қавомӣ набӯд шираи ҷон ро

Аз гирд кудурат шавад ойӣнаи дили соф

Бораст ба дил , софӣ май дрдкшон ро

Моро сари пархош фалак нест , вагарна

Саҳласт расондан ба замини пушти камон ро

Дар синаи мо қатра нашуд гавҳари шҳўор

То ҳамчуи садаф меҳр накардем даҳон ро

Аз дахли каҷ андеша надоранд сухани рост

Аз новаки кҷрў хатарӣ нест нишон ро

Аз содаи дилӣ ҳар ки диҳад панд ба мағрур

Бедор ба афсона кунад хоби гарон ро

Бо он дили оҳан чаҳ кунад ҷавшани Довӯд

Каз санги برارد чу шарари хурдаи ҷон ро

Аз дона асар нест дарин хирман бе мағз

Аз оҳ чаҳ бар боди даҳуми коҳкшонро ?

Чун нофа шавад аз нафаст хӯни ҷигари машк

Аз ғайбат агар пок кунӣ кому даҳон ро

Бо сӯхтаи ҷонон чаҳ кунад ҳарфи ҷигарсӯз ?

Аз доғ муҳобо набӯд лолаи ситон ро

Аз рахна шавад синаи алмоси мушаббак

Мижгони каҷ ӯ чаҳ кунад рости синон ро

Ин бодияи ғарбол буд аз чаҳ хаси пӯш

Соиб ба ду сад дасти нигаҳи дори Аннан ро