Устод чаҳ ҳоҷат буд он сарви равонро ?

Хати ҳошия дон мекунад он ғунчаи даҳон ро

Ҳайф аст шавад риштаи ҷонҳо гиреҳ олуд

Шерозаи дил ҳо макун он мӯии миён ро

Бетобӣ ошиқ шавад аз васли фузун тар

Носур кунад пунбаи мо доғи каттон ро

Аз оташи дӯзахи дил ошиқ наҳаросад

Бистари зи таби гарм буд шери жён ро

Аз чашми ғизолони ҳарам , хоб сафар кард

Абрӯии ту рӯзӣ ки ба зиҳ кард камон ро

Мағзи сар ман нест тнки мояи савдо

Дар дидаи ман ҷӯш баҳораст хазон ро

Ҳаргиз нашавад барқи зи фонӯси ҳисорӣ

Аз худ натавон кард ҷаҳони гузарон ро

Ишқ омаду берун дар афканд чу наълин

Аз хилвати андешаи ман ҳар ду ҷаҳон ро

Бедор нашуд чашми ту аз шӯри қиёмат

Тӯфон ,тарӣ мағз шуд ин хоби гарон ро

Майдони ту ҳар чанд буд ҳамчуи кафи даст

Зинҳор ба сад дасти нигаҳи дори Аннан ро

Соиби зи лабати гавҳар шҳўор наризад

Чанде чу садаф то накунӣ меҳр , даҳон ро