Фонӯс ҳиҷобаст чароғи саҳарӣ ро
Доман ба миён бар зада бояд сафарӣ ро
Дар доман манзил набӯд бими зи раҳзан
Ҳамроҳ чаҳ ҳоҷати сафар бехабариро ?
Дарёб агар аҳли дилӣ , пештар аз субҳ
Чун ғунча нашукуфта насими саҳарӣ ро
Сахтӣ расад аз чарх ба нозуки суханон беш
Бо санги сару кор буд шишагарӣ ро
Аз бесамарон бош ки чун сарви дарин боғ
Сарсабзии ҷовид буд бесамарӣ ро
Беҳудаи фалаки кор ба дили танг гирифта аст
Аз шиша шикастӣ нарасад боли парӣ ро
Шуд тарси ман аз номаи аъмоли фузун тар
Торикии шаб беш кунад беҷгарӣ ро
Натавон ба сипари баради каҷӣ аз гуҳари теғ
Айнаки надиҳади фоидае каҷи назарӣ ро
Баси ҷой ки оҳистагӣ онҷост дуруштӣ
Бепарда кунад нармии гуфтор , карӣ ро
То соҳиб фарзанд нагардӣ , натавон ёфт
Дар олами эҷод , ҳуқуқи падарӣ ро
Соиб ба ҷузи ошуфтагии дил самарӣ нест
Дар доираи чарх , парешони назарӣ ро