Бар чарх муҳӣтаст фурӯғи назари мо
Соҳил дил дарёст зи оби гуҳари мо
Дар номаи мо ҳарф наснҷида набошад
Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо
Чун дидаи моҳӣ ки намояди зи таҳи об
Аз парда сангаст намоёни шарари мо
Ҳарчанд пар ва бол надорем чу шабнам
Аз партави хуршед буд болу пари мо
Шерем вале Зуҳра озор надорем
Аз ҷунбиши раг кӯча диҳад нештар мо
Озодии мо дар гарави пухтагии мост
Овехтааст аз раги хомии самари мо
Бедоди фалакро ба тағофул гузаронем
Пӯшидан чашмаст зи душмани сипари мо
Аз ҳамраҳеи ақл ба ҷое нараседем
Печидатар аз роҳ буд роҳбари мо
Ёрб ки дуо кард ки чун қофилаи мавҷ
Осоиш манзил набӯд дар сафари мо
Соиби ҷигараш чун ҷигар субҳ шавад чок
Як рӯз агар чарх кашад дардисари мо