Дар қулзум май ҳамчу ҳубобаст дили мо
Аз хона ба дуашон шаробаст дили мо
Мавқуф насимӣаст зи ҳам рехтани мо
Чун барги хазони по ба рикобаст дили мо
Сатрӣаст зи пешонии мо рози ду олам
Бепардатар аз олам обаст дили мо
Аз ҷунбиш маҳдаст гронхўобии атфол
Аз гардиши афлок ба хобаст дили мо
Чун теғ бараҳнааст чу уфтад ба сараши кор
Ҳар чанд ки дар зер ниқобаст дили мо
ӣнҷо ки манам қимати дил ҳар ду ҷаҳон аст
Онҷо ки туе дар чаҳ ҳисобаст дили мо
Ҳар чанд ки дар ҳар чамани оташ нафасӣ ҳаст
Соиб з навой ту кабобаст дили мо