Дармондаи ин ҷисми нзорсти дили мо

Дар санги ниҳон ҳамчу шарораст дили мо

Ҳар чанд баҳоии гуҳар аз гирд ятемӣ аст

Бе қимати азин мушт ғубораст дили мо

Чун ғунча маҳоласт ки аз пӯст барояд

Чандон ки дарин сабз ҳисораст дили мо

То даст ба ин пайкар хокӣ нафишонд

Мотам зада чун шамъ мазораст дили мо

Чун дона бе мағзи з бебаргу навое

Шарманда иқбол баҳораст дили мо

То бо хабар аз ҳастӣ хешаст , пиёда аст

Аз худ чу бурун рафт савораст дили мо

Дарюза дидор кунад аз дару девор

Ҳар чанд ки ойӣна ёраст дили мо

Дорад ба ғами ишқи назар аз ҳамаи олам

Оҳӯаст вале шер шикораст дили мо

Ҳар чанд ки печида ба май чун раги талхӣ

Дар кашмакаш аз ранҷ хумораст дили мо

Соқӣ бирасон бодаи андешаи гудозӣ

Каз нохун андеша фигораст дили мо

Ҳар доғи ҷигарсӯз , сияҳи хона Лайлӣ аст

То волаи он лола изораст дили мо

То қатраи худро накунад гавҳари шҳўор

Саргаштатар аз абр баҳораст дили мо

Зон ҷилваи мастона каз он сарв равон дид

Чун гули ҳамаи оғӯш ва канораст дили мо

Дар ришта зуннор кашад донаи тасбеҳ

Маълум нашуд дар чаҳ шумораст дили мо

Аз чашмаи ҳайвон , ҷигар сӯхта дорад

Ҳам толеъи хол лаб ёраст дили мо

Ҳар чанд дарин боғ чу гул пок даҳонем

Аз захми забон бута хораст дили мо

Ҳар чанд з паргор фитад гардиши даврон

Чун нуқтаи марказ ба қарораст дили мо

Зини нағмаи сароён ки дарин боғ ва баҳоранд

Соиб з навой ту фигораст дили мо