Аз хӯни ҷигари ранги пазиради сухани мо

Баррагӣаст хазони дидаи Суҳайл аз Ямани мо

Муҳтоҷ ба шамъи ма ва хуршед набошад

Чун синаи равшани гуҳарони анҷумани мо

Аз суҳбати мо файзи тавон барад ба доман

Зулф шаб қадараст дили пуршикани мо

Чун моҳии лаби баста саропоӣ забонем

Дар зоҳир агар нест забон дар даҳани мо

Бе қӣматии мо зи гарони моиагии мост

Кин чарх фурӯмоя надорад самани мо

Аз гавҳари мо гарчи хӯрд чашми ҷаҳони об

Аз гирд ятемӣаст ҳамон перҳани мо

Аз банд либосем дарин баҳри сбкбор

Пероҳани мо ҳамчу ҳубобаст тани мо

Он хуш суханонем дарин базм ки бошад

Аз болу пари хеш чу тӯтии чамани мо

Дар зиндагӣ аз бас ки ба талхӣ гузаронадем

Аз заҳри фано талх нагардад даҳани мо

Соиб агар аз мӯии шикофони ҷаҳонӣ

Ғофил машав аз хомаи нозуки сухани мо