Хобидатар аз роҳ буд роҳилаи мо
Дар сина саҳрост гиреҳи қофилаи мо
Дар домани саҳроӣ маломат натавон ёфт
Хорӣ ки начидааст гул аз обилаи мо
Девона ба ҳамворӣ мо нест дарин дашт
Чун ҷавҳар теғаст хамаши силсилаи мо
Аз ташнаи лабӣ гирд барорем зи дарё
Хӯн дар ҷигар бода кунад ҳавсилаи мо
Чун сайл , далели раҳи мо ҷазба дарёст
Муҳтоҷ ба раҳбар набӯд қофилаи мо
Мо аз ту ҷудоӣам ба сӯрат , на ба маънӣ
Чун фосилаи байт буд фосилаи мо
Чун зулф , парешонеи мо давр ва дарозаст
Кӯтоҳ нагардад ба шунидани гилаи мо
Ҷо дорад агар зини ғазал тоза нависанд
Соиб ба лаби ёр , азизони салаи мо !