Нест ғами нону об , гӯша нишин ро

Дар раҳм омодааст ризқ , ҷанин ро

Пастии деворро завол набошад

Сайл насозад хароби хонаи зин ро

Хушктар аз муваҷҷаҳи сароби шуморад

Ташнаи дидор ӯ биҳишти барин ро

Холи ту аз хат ба дил ғубор надорад

Дузди шуморади биҳишти хеши камӣн ро

Кам нашавад бӯса аз лабаш ба гирифтан

Мум насозад тиҳии зи нақш , нигин ро