Ҳар ки бо мо мекунад бегонагӣ
Маънӣ бегона медонем мо
На фалакро гирди он шамъи тароз
Ҷӯшаш парвона медонем мо
Аз ду олам гарчи берун рафта ем
Хешро дар хона медонем мо
Ҳамчуи соиби шҳпри тавфиқ ро
Ҳиммат мардона медонем мо
Ақлро девона медонем мо
Ишқро фарзона медонем мо
Дасту теғи олами хўнриз ро
Шиша ва паймона медонем мо
Истиқоматро дарин ваҳшати саро
Лағзиш мастона медонем мо
Дар риёзи ишқ , бахти сабз ро
Сабза бегона медонем мо
Гӯшае каз худ кунад моро халос
Гӯша майхона медонем мо
Гуфтугӯии давлати бедор ро
Сар ба сар афсона медонем мо
Дар гулӯ чун гиря мегардад гиреҳ
Аз қаноат , дона медонем мо
Дар қимори ишқи ҷонро бохтан
Бозӣ тифлона медонем мо
Ин муҳӣти пари ҳубобу мавҷ ро
Гавҳар икдонаҳ медонем мо
Ҳар дилӣ каз орзӯҳо пок шуд
Хилват ҷонона медонем мо
Қонеъ аз дунё ба рангу бӯ шудан
Сахт номардона медонем мо
Дида қурбониён ҳайратем
Хобро афсона медонем мо