Биё каз давряти мижгон ба чашмам сӯзанаст имшаб

Нафас дар синаам чун хор дар пероҳанаст имшаб

зи ҷӯш ашк меларзад чу аҳли ҳашари мижгонам

Қиёмат дар мусӣбати хонаи чашм манаст имшаб

Сар пайванд дорад бо гусастани риштаи ҷонам

Ҷаҳон бар дидаи ман ҳамчуи чашм сӯзанаст имшаб

Ҳамон чашмӣ ки бо хуршед мезад лофи ҳамчашмӣ

Тиҳӣ аз нури бениши ҳамчуи чашм равзанаст имшаб

Шаби дӯшин , табассумҳои пинҳонӣ ки ме кардӣ

Намаки поши ҷароҳатҳои пинҳон манаст имшаб

Аҷаб дорам ки пайванди ҳаётами нгслд аз ҳам

Ки печу тоби зулфаш дар раги ҷон манаст имшаб

Чаҳ созам дар саломати хонаи таҷреди нгризм ?

Марои як донау барқи балои сад хирманаст имшаб

Ҳамон дастӣ ки соиби дӯш бо ӯ дошт дар гардан

зи ҳиҷрон бо ғам рӯй замин дар гарданаст имшаб