Хона аз хеш тиҳӣ кун ки зи назораи об

Пардаи чашм ҳубобаст ҳамон чашми ҳубоб

Роҳи хобидаи расонид ба манзили худ ро

Бахт мо нест ки бедор нагардад аз хоб

Раҳрав ишқ нагардад зи маломат дар ҳам

Шавад аз санги фузуни ҷавҳари ойӣнаи об

Дил бе тоби ман ором надорад , варна

намекашад дар дили шабҳо нафасии мавҷи сароб

Монеъи умр сбксир нагардад перӣ

Сайлро сояи пул боз надорад зи шитоб

Дил бипардоз зи ҷамъияти дунёи зинҳор

Ки садаф мешавад аз оби гуҳари хонаи хароб

Хатар аз хасм надорад ҷигари ҷавҳардор

Теғ аз оташ сӯзанда барояд сероб

Чаҳ кунад хӯни ҷаҳон бо ҷигари ташнаи ишқ ?

Накунад шабнами гули реги равонро сероб

Аз сафои дили мо мастии хубони афзуд

Ҳасанро оинаи соф буд олами об

Гардиш аз ҷилва мастона наме осоед

Ҳар киро сайли хиром ту кунад хонаи хароб

Мастии ҳасани зи хӯни рехтани мо афзуд

Бодаи лаълии оташ буд аз ашки кабоб

Миннат сайл баровард зи бунёдами гирд

эй хуши он хона ки аз хеши буруни оради об

Барқро хор ба ислоҳ наёрад соиб

Ҳасани мағрур , зи хат по нагузорад ба ҳисоб