Аз ашк булбуласт раги талхии гулоб
Нодон кунад ҳаволаи зи ғифлат ба офтоб
Аз рӯй оташини ту дил об ме шавад
Аз рӯй офтоб шавад чашм агар пари об
Натавон ба ҳеҷ ваҷҳи анонаш нигоҳ дошт
Ҳасанӣ ки шуд зи ҳалқаи хати пой дар рикоб
Аз нозукӣ ба мӯӣ майонаш наме расад
Ҳар чанд зулф беш кунад машқи печу тоб
Дар абр аз офтоби тавон файз беш барад
Мо мебарем лиззати дидор аз ниқоб
Аз муваҷҷаҳ сароб шавад беш тишнагӣ
Парвонаро хунак нашавад дили зи моҳтоб
Ашк надоматаст сияҳи корро фузун
Дар тирагии зиёда буд резиши саҳоб
Мӯии сифеди решаи тӯли амл буд
Дар шӯраи зор беш буд муваҷҷаҳи сароб
Ором нест обилаи поёни шавқ ро
Монеъ нагардад аз ҳаракати обро ҳубоб
Ҳиммати атоӣ хеш нагирад зи соилон
Ёқӯту лаъл ранг набозад зи офтоб
Дар ради соилнди бузургони забони дароз
Бошад далери кӯҳи гаронсанг дар ҷавоб
Гар нест ншأаҳи сухани афзӯни з май , чаро
Мастӣ шавад зиёдаи зи гуфтор дар шароб ?
Дар рӯй офтоби тавон беҳиҷоб дид
Натавон далер рӯй туро дид аз ҳиҷоб
Бе Меҳрии сипеҳри сияҳи дил ба некӯон
Равшан шуд аз гирифтагии моҳу офтоб
Комил айёр нест ба мизони дӯстӣ
Ҳар кас ки ҳам хумор нагардад ба ҳам шароб
Мӯяш ба рӯзгор ҷавонӣ шавад сифед
Чун нофаи хӯн хеш кунад ҳар ки машки ноб
Ин рӯй шрмнок ки ман дидаам зи ёр
Соиби зи хати аҷаб ки бурун ояд аз ҳиҷоб