Ҷои садаф буд зи гаронии замин дар об

Бошад ҳубоб аз сабукӣ хуш нишин дар об

Шоҳу гадо ба дидаи дарёдилон яке аст

Пӯшидааст пасту баланди замин дар об

Дар роҳи соликӣ ки чу хошок шуд сабк

Ҳар муваҷҷаҳ эй пулӣаст худои офарин дар об

Дорам ба бодбони таваккули умедҳо

Ҳар чанд шуд сафинаи ман коғазин дар об

Чун акси офтоб , нагардад дилаши хунак

Сад ғӯта гар занад ҷигари оташин дар об

Ғамгин нашуд дили ту зи гирди малоли ман

Ҳар чанд кард оби гуҳарро гулин дар об

Аз ашк гарм шуд дили сӯзони ман хунак

Во шуд ба рӯй ман дар хулди барин дар об

Чашм аз либоси ҷисм , пару боли доштам

Ғофил ки банд даст шавад остин дар об

Аз хомшӣ хатар набӯд сӯзи ишқ ро

Хуршед мекашад нафаси оташин дар об

Дар хӯни бода чанд рӯм , чун наме равад

Гирди ятемӣ аз рух дар смин дар об

Аз саркашӣ нигун нанамояд ба дида ҳо

Уфтад агар мисоли ту эй нозанин дар об

Дар чашми ман хаёли рухи лолаи ранги ту

Хуштар буд зи акси гули оташин дар об

Аз кокули ту об диҳадгар ҳубоби чашм

Ҳар муваҷҷаҳ эй чу зулф шавад анбарин дар об

Зинсон ки ман ба фикри фурӯ рафтаам , нарафт

Ғаввос дар талоши гуҳари ин чунин дар об

Паҳлу занад ба чашмаи хуршед ҳар ҳубоб

Шӯе чу рӯй хештан эй маи ҷабин дар об

Бар ҳалам зинҳор макун тундии ихтиёр

То ҳаст пул ба ҷо , наравад дурбин дар об

Тар мекунад замини худ аз оби дигарон

Бо нақши худ музоиқа дорад нигин дар об

Гуфтори сард , як ҷиҳатонро дўдл кунад

Созад зи муми хонаи ҷудои ангабин дар об

Аз умри барқи сайр буд печу тоби ман

Бошад ба қадари суръати рафтор , чин дар об

Пастӣ гузин ки кафи з баландӣ наме расад

Соиб ба рутбаи садаф таҳ нишин дар об