Аз чашми ним масти ту бо як ҷаҳони шароб

Мо сулҳ мекунем ба як серумаи дони шароб !

Аз хшксоли тавба кам коса ме расем

Дорем чашм аз ҳамаи дрёкшони шароб

Зинҳори шарми духтари рузро нигоҳи дор

Дар рӯзи офтоби мпимои аёни шароб

Ҳар ғунчае зи бодаи гулранги шиша Эй аст

Дигар чаҳ ҳоҷатаст дарин бӯстони шароб

Ман дар ҳиҷоби ишқам ва ӯ дар ниқоби шарм

эй вой агар қадам наниҳад дар миёни шароб !

Мино ба чашми равшанӣ ҷом ме равад

Дар маҷлисӣ ки мекашад он длстони шароб

Мо завқи лаб гузидан хамёза ёфтем

Арзонии ту боди зи ратли гарони шароб

Ранги шикастаи коҳрбоӣ шукуфтагӣ аст

Кайфият баҳор диҳад дар хазони шароб

Мо додаем дасти иродат ба дасти ток

Зон рӯй мехӯрем чу оби равони шароб

Соиби чароғи ъушрат мо мешавад хамӯш

Гар кам шавад зи соғари мо як замони шароб