То ба кӣ дар парда бошад неку бад , соғар куҷост ?
Дили з даъвӣ шуд сиёҳи ойӣна маҳшар куҷост ?
Дар тани равшани замирон ҷон намегирад қарор
Обро осӯдагӣ дар дида гавҳар куҷост ?
Ҳаст берун аз ду олам , сайри саргардони ишқ
Ин сари шӯридаро пурвои бол ва пар куҷост ?
Сӯхти хуршеди дурахшони пардаҳои субҳ ро
Ҳасани ъолмсўзро ором дар чодар куҷост ?
Синаи равшандилонро нест рози сар ба меҳр
Номаи печида дар ҳангома маҳшар куҷост ?
Доми роҳи Хизри натавонад шудани мавҷи сароб
Ташнаи дидорро андеша кавсар куҷост ?
Нест мумкини орзӯҳоро насузад сӯзи ишқ
Авдҳои хомро озодӣ аз миҷмар куҷост ?
Сайру даври осмонҳо мунтаҳӣ гардад ба ишқ
Ғайри дарё , сайлро сари манзил дигар куҷост ?
Нест ғофили офтоб аз лаъл дар оғӯши санг
Ишқ медонад дили беморро бистар куҷост
Хат бар он лаб фориғаст аз ёди мо лаби ташнагон
Хизрро дар оби ҳайвони фикр Искандар куҷост ?
Офтоб аз зарраи файз худ намедорад дареғ
Варна ин шӯридаи мағзонро сар афсар куҷост ?
Дар ҳузури ҳасан , худдорӣ намеояд зи ишқ
Шамъ чун равшан шавад пурвои бол ва пар куҷост ?
Барқи ъолмсўзи хушк ва тар намедонад ки чист
Ишқро пурвои сайди фарбеҳ ва лоғар куҷост ?
Раҳравони ишқро аз раҳбар ва манзил мапурс
Раҳи куҷо , манзили куҷо , раҳрави куҷо , раҳбар куҷост ?
Миннати сандали марои соиби зи сар безор кард
Соя бе миннати дарди гарон лангар куҷост ?