Аз ду олами фориғам , озодае чун ман куҷост ?

Зери даст сояам , афтодае чун ман куҷост ?

Дардро сар , доғро лухти ҷигар , ғамро дилам

Дарду доғи ишқро омодае чун ман куҷост ?

Нақши Юсуфи талъатони хоби парешон ман аст

Дар бисоти хок , лавҳи содае чун ман куҷост ?

На ба лангар кор дорам на ба соҳили бозгашт

Ишқро киштӣ ба тӯфон додае чун ман куҷост ?

Сояам чун сарв бар дӯши гулистон бор нест

Дар ҷаҳони обу гул , озодае чун ман куҷост ?

?дане ва уқбо намегардад ба гирди хотирам

Аз ду олам бар канори афтодае чун ман куҷост ?

Шастааст аз чашми анҷуми хоб , ҷӯш мастем

Дар хами афлоки соиби бодае чун ман куҷост ?