Дар парешони хотирии ҷамъияти маҷнӯни мост
Муваҷҷаҳи касрати каманди ваҳдати маҷнӯни мост
Нақши пои ноқаи Лайлии дарин домони дашт
Барги айши дидаи пари ҳасрати маҷнӯни мост
Домани саҳрои маҳшар гарчи дорад вусъатӣ
Кӯчаи роҳии пеши пои ваҳшати маҷнӯни мост
Хирқаи гардун ки олам дар таҳ домон ӯст
Ҷомаи танагӣ ба қади шавкати маҷнӯни мост
Гар ба хоки мо чароғӣ кас наёрад гӯ меар
Дидаи шерони чароғи турбати маҷнӯни мост
Нақши пои дашти паймоёни саҳрои ҷунун
Соғари саршорӣ аз кайфияти маҷнӯни мост
Ҳар куҷои ваҳшати фузун , ороми мо афзӯн тар аст
Гӯшаи чашми ғизолони хилвати маҷнӯни мост
Гарчи дар ҳар кӯчае хуршед ҷавлон карда аст
Аз замини гирон , назар бо шӯҳрати маҷнӯни мост
Дасту рӯ шустан агар бошад вузӯии оқилон
Аз ду олами даст шустани тоъати маҷнӯни мост
Нест парвои кӯҳро аз хандаҳои Кебеки маст
Шухии Лайлии хаҷал аз тоқати маҷнӯни мост
Соя мо нест бар хок аз сбкрўҳии гарон
Кӯҳу саҳрои зери бори миннати маҷнӯни мост
Бо каманди ҷазбаи мо брнёиди саркашӣ
Домани Лайлӣ ба дасти рағбати маҷнӯни мост
То зи бори ишқи қади мо чу хотами хам шуда аст
Чун сулаймони дому дад дар хизмати маҷнӯни мост
Вақти оқилро агар ғавғо парешон ме кунад
Шӯри Тифлони боиси ҷамъияти маҷнӯни мост
Ин ки аз ҳии маҳмил Лайлӣ намеояд ба дашт
Санги роҳаш давр бош ғайрати маҷнӯни мост
Оқилони соиб агар паҳлуи зи мо холӣ кунанд
Нест аз беэътиборӣ , иззати маҷнӯни мост