Хоксории барги айши хотири огоҳи мост

Чун гуҳари гирди ятемии хоки бозӣгоҳи мост

Нест аз гирди худӣ дар корвони мо асар

Ҳар ки пеш афтодааст аз хештани ҳамроҳи мост

Зини чаман чун сарви домони таъаллуқ чида ем

Хорро хӯн дар ҷигар аз домани кӯтоҳи мост

Чун дами шамшер аз сахтии нгрдоним рӯй

намешавад санги Фсон , сангӣ агар дар роҳи мост

Аз қимори ишқ , моро покбозӣ матлаб аст

Нест ғайр аз нақш кам , нақшӣ ки хотирахои мост

Ғофилем аз ҷон бетақсир дар зиндони тан

Юсуфи Миср аз Фромш гаштагон чоҳи мост

Матлаб аз таҳ кардан зонуаст таҳсили шикаст

Варна маълӯмоти олам дар дили огоҳи мост

Нест соиби нолаи мо ҳамчуи булбул бе асар

Гӯши гули хунини ҷигар аз нолаи ҷонкоҳи мост