Пеши мо дашноми ҷонон аз шукр ширин тараст

Рӯй талхи баҳр аз оби гуҳар ширин тараст

Рутба қабзаст беш аз басти пеши орифон

Уқдаи пайванд бар нахл аз самар ширин тараст

Нест занбӯри асалро шиквае аз ҷони хеш

Хонаи чандоне ки бошад мухтасар ширин тараст

Пеш ҳар мӯрӣ ки не дар нохунаши миннати шикаст

Хоки саҳрои қаноат аз шукр ширин тараст

Набзи таслиму ризорогар ба дасти орад касе

Тири длдўзи қазо аз нешикар ширин тараст

Паши чашм ҳар ки аз ғифлат наёвардааст об

Талхии бедорӣ аз хоби саҳар ширин тараст

Сарди Меҳрии зиндагиро беҳаловат ме кунад

Миваҳои гармсерии бештар ширин тараст

Мо зи неъмат бо забони шукр қонеъ гашта ем

Барги ин нахли барӯманд аз самар ширин тараст

Танги шукри сохт соиби гӯшҳоро аз сухан

Калаки шукри бори мо аз нешикар ширин тараст