Ҳалқаи атфоли баҳри аҳл савдо беҳтараст
Тангнои шаҳр аз домон саҳро беҳтараст
Гӯшаи гирони эмин аз офот шӯҳрат нестанд
Дар миёни халқ бӯдани пеш доно беҳтараст
Обу ранги сӯрати зоҳири ду рӯзӣ беш нест
Ҳасани ахлоқи ҷамил аз рӯй зебо беҳтараст
Тӯтӣ аз ҳарф мукаррар мекунад дилро сиёҳ
Пардаи зангор бар ойӣна мо беҳтараст
Феъли некӯ зишт мегардад зи ноФҳмидгӣ
Бухл дар ҷои худ аз эҳсон биҷо беҳтараст
Пеши мо каз ҳар нигоҳии пай ба мазмун ме барем
Аз лаб гуёӣ хубон , чашм гуё беҳтараст
Кӯзаи лаби баста аз хами пар шароб ояд бурун
Хомшии пеши карямон аз тақозо беҳтараст
Нест ҷуфти номувофиқро алоҷии ҷузи талоқ
Бо тугар дунё насозад , тарк дунё беҳтараст
Аз басират нест пӯшидани зи дунёи чашми худ
Чашми ибрати байн агар бошад , тамошо беҳтараст
Қамарӣ аз поси ғалати дил барнаме дорад зи сарв
Варна аз сарви сеӣ он қад раъно беҳтараст
Бо ду рӯйон , як ҷиҳати икрнги натавонад шудан
Пеши орифи хор аз гулҳои раъно беҳтараст
Пеши чашми мо ки манзураст ҳасани оқибат
Хати мишкӣни соиб аз зулф чилипо беҳтараст